ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Билети парвоз аз Душанбе ба Теҳрон дар моҳи феврал ҳудуди 2300 сомонӣ арзиш дорад.
Дар ин бора аз хадамоти матбуотии "Сомон Эйр" ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ додаст.
Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз ифтитоҳи парвозҳо ба пойтахти Эрон хабар дода, афзуд, ки нахустин парвоз ба Теҳрон 31 январи соли 2023 анҷом мешавад.
Тибқи ҷадвал, ҳавопаймо бояд соати 17:30 аз Душанбе парвоз кунад, масири бозгашт аз Теҳрон соати 20:20 (бо вақти маҳаллӣ) оғоз мешавад.
Таъкид шудааст, ки аз 10 феврал хатсайри ҳавоии Душанбе - Теҳрон ҳафтае як маротиба, рӯзҳои ҷумъа сурат мегирад.
Парвоз аз Душанбе — соати 14.30, аз Теҳрон — соати 17.20 ба вақти маҳаллӣ анҷом дода мешавад. Вақти парвоз аз пойтахти Тоҷикистон то шаҳри Теҳрон 2 соату 50 дақиқа ва дар самти муқобил 2 соату 20 дақиқа хоҳад буд.
Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва -900 анҷом дода мешаванд.
Густариши парвозҳои байналмилалӣ дар ҳолест, ки "Сомон Эйр" азм дорад, барои парвозҳои маҳаллӣ низ иқдом кунад. Аз ҷумла хабар дода шуд, ширкати "Сомон Эйр" барои харидории ҳавопаймоҳои нав гуфтушунид дорад.
Ҳавопаймоҳои хурди L-410 Turbolet барои интиқоли мусофирон бояд дар дохили Тоҷикистон харидорӣ шаванд, ки гуфта мешавад, барои кишвар хеле мусоид арзёбӣ мешаванд.