ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Шаҳрванди Тоҷикистон дар садамаи мудҳиш дар вилояти Саратов ба ҳалокат расид, иттилоъ дод раёсати тандурустии минтақа.
Тавре хабар дода шудааст, ки ҳодисаи маргбор шаби 27 январ дар наздикии деҳаи Нов дар шоҳроҳи Ершов - Озинки рух додааст.
"Мошини "Хундай" аз роҳ баромада ба ҷӯйбор зада, чаппа шудааст. Яке аз мусофирон ҷавони 25-солаи тоҷик то омадани мошини ёрии таъҷилӣ дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар иттилоия.
Худрав дар ҳангоми садама таҳти идораи ҷавони 19-сола, сокини маҳаллӣ қарор доштааст, ки худи ӯ низ маҷруҳ шудааст.
Зикр гардидааст, ки мусофири дуюми мошин низ зодаи Тоҷикистон, ҷавони 22-сола будааст, ки дар беморхона бистарӣ шудааст.
"Ҷавонони маҷруҳро дар ҳолати миёна ба беморхонаи шӯъбаи истгоҳи Ершов бурданд", - қайд кардаст идораи тандурустӣ.
Ба иттилои пулиси маҳаллӣ, сабабҳои дигар ва тамоми ҷузъиёти ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан низ дар минтақаи Красноярски Русия садамаи пурқурбонӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон рух дода буд. Ҳодиса аввали моҳи равон рух дода, 4 кушта барҷой гузошт.