Вазорат расман заҳролудшавии 48 сокини Хатлон аз қурутобро рад кард

Вазъи саломатии сокиноне, ки гуфта мешуд, аз истеъмоли қурутоб заҳролуд шудаанд, дар ҳолати хуб буда, зери назорати табибони оилавӣ қарор доранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон вазъи 48 сокини ноҳияи Шамсиддини Шоҳинро, ки пас аз истеъмоли қурутоб заҳролуд шуданд, шарҳ дод
Ба гузориши ин ниҳод, натиҷаи таҳлилҳои озмоишгоҳӣ нишон дод, ки шаҳрвандон ба ягон ҳолати заҳролудшавӣ мубтало нашудаанд.
"Танҳо истеъмоли аз ҳад зиёди равғани зард дар қурутоб боиси дилбеҳузурии шаҳрвандон гардидааст", - афзудааст манбаъ.
Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса рӯзи 24 январ дар ҷамоати деҳоти Чаган, деҳаи Чагани нави ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон соати 8-и субҳ пас аз истеъмоли хӯроки қурутоб сар заад, 48 нафар сокини деҳаи мазкур дар худ дилбеҳузурӣ ҳис намуданд.
Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои зарурӣ 24 нафари онҳо ба Беморхонаи сироятии шаҳри Кӯлоб ва 24 нафари дигарашон ба Беморхонаи рақамии ҷамоати деҳоти мазкур бистарӣ гардиданд.
Марги фоҷиабори падару писар дар ноҳияи Хуросон
Гуфта мешавад, ки ҳангоми ворид шудани беморон ба беморхонаҳо ҳолати онҳо нисбатан қаноатбахш арзёбӣ гардида, дар миёни онҳо хушбахтона беморони вазнин набуд.
Аммо новобаста аз ин, тибқи супориши вазири тандурустӣ сармутахассисони соҳавии вазорат аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи мазкур сафарбар карда шуданд.
Беморон бошанд, пас аз як шабонарӯз дар беморхонаҳо таҳти назорати табибон қарор гирифта, санаи 25 январи соли равон дар ҳолати қаноатбахш ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.
Ҳоло ин сокинон таҳти назорати табибони оилавӣ қарор доранд, афзудааст вазорат.