ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Соҳибкорони суғдӣ ва қазоқ дар мавриди содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.
Имзои созишнома дар чаҳорчӯби сафари тоҷирони Қазоқистон ба вилояти Суғд сурат гирифт.
Ба соҳибкорони қазоқ дар бораи имкониятҳои сармоягузорӣ, маҳсулоти кишоварзии дар минтақа истеҳсолшуда, инчунин имкониятҳои содирот маълумот дода шуд.
Зимнан зикр гардид, ки ба маҳсулоти тару тозаи Тоҷикистон дар Қазоқистон талабот зиёд буда, доираҳои тиҷоратии ҳарду кишвар метавонанд дар содироти каду, меваҳои хушк ва тару тоза ҳамкорӣ ба роҳ монанд.
Дар ҷараёни мулоқот доираҳои тиҷоратии ду кишвар имконоти тиҷорати мутақобила ва ташкили содироти маҳсулотро баррасӣ карданд.
Қаблан дар Остона Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Қазоқистон Хайрулло Ибодзода дидору гуфтушунидҳое бо ширкатҳои роҳи оҳани он кишвар дошт.
Дар ин дидор ҷонибҳо тавонистанд дар мавриди ҳамкорӣ дар бахши энержӣ, аз ҷумла воридоти нафту газ ба Тоҷикистон ва ҳамлу нақли коло байни ҷумҳуриҳо ба созиш бирасанд.
Қаблан раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов густариши ҳамкориҳо, аз ҷумла кишоварзиро баррасӣ кард.
Ба иттилои сафир, соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 млн доллар пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.