Дар Telegram-канали РИА “Новости” видео задухӯрди аз наздик сарбозони Русияву Украина дар наздикии Авдиевкаи Ҷумҳурии мардумии Донетск расонаи шуд.
“Кор кунед бачаҳо, биёед, биёед, ба он тараф шилик кунед”, — шунида мешавад дар ин навор.
Дар видео дида мешавад, ки чӣ тавр низомиён аз аслиҳа ва аз норинҷакандоз ба мавқеъҳои душман, ки дар масофаи чандсад метр дуртар ҳастанд, тирандозӣ мекунанд.
Нерӯҳои ҳамлагари артиши Русия дар як бинои фарсуда буданд ва пас аз тирандозӣ онҳо ба нуқтаи амнтар кӯчонида шуданд.
Аз 24 феврал инҷониб дар Украина амалиёти вижаи низомӣ ҷараён дорад. Владимир Путин онро ҳадафи ниҳоии озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароите номид, ки амнияти Русияро кафолат медиҳад.