Песков: Зеленский дигар ҳарифи эҳтимолии Путин нест

Сухангӯи раисҷумҳури Русия ахиран эълон кардааст, ки Владимир Зеленский зиёд вақт шудааст, ки дигар ҳарифи эҳтимолии Владимир Путин нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Владимир Зеленский кайҳост, ки ҳарифи эҳтимолии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин нест, зеро ӯ ӯҳдадориҳои худро аз рӯи созишномаҳои Минск иҷро накардааст ва ба ҷанг омода шудааст, гуфт ба хабарнигорон сухангӯи раҳбари Русия Дмитрий Песков
"Мо медонем, ки ҷаноби Зеленский бо чӣ ваъдаҳо раисиҷумҳур интихоб шуд. Ба ёд овардани ваъдаҳо ба овоздиҳандагоне, ки дар Украина ба ӯ раъй додаанд, мушкил нест. Ӯ мушкили Донбассро ҳал накард, созишномаҳои Минскро иҷро накард. Гузашта аз ин, тавре маълум шуд, ӯ созишномаҳоро иҷро карданӣ ҳам набуд, вай ба ҷанг омодагӣ дид. Бинобар ин, бигӯем, ки худи ӯ кайҳо боз дигар ҳарифи эҳтимолии президент Путин нест”, - гуфт Песков.
Қаблан Зеленский гуфта буд, ки ба мулоқот ва музокира бо президенти Русия Владимир Путин "ғайриқобили қабул аст".
Небензя - Украина ба як ширкати хусусии низомии НАТО табдил ёфт
Маскав борҳо изҳор дошт, ки ба музокира бо Украина омода аст, аммо Киев дар сатҳи қонунгузорӣ музокиротро мамнӯъ кардааст.
Зеленский қаблан дар G20 гуфта буд, ки "Минск-3” нахоҳад буд.Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков ба РИА “Новости” гуфт, ки чунин суханон мавқеъи Киевро дар бораи хоҳиш надоштан ба музокира "комилан тасдиқ мекунанд." Ғарб пайваста аз Русия даъват мекунад, пушти мизи музокира бишинад. Русия борҳо гуфт ба музокира омодаем, аммо Ғарб ба радди пайвастаи Киев аз музокирот сарфи назар мекунад.