ДУШАНБЕ, 26 янв – Sputnik. Мантраи паҳншуда, ки "иқтисоди мо ба муҳоҷирон ниёз дорад" ба воқеияти Русия ҳеҷ иртиботе надорад.
Дар ин бора, раиси Кумитаи миллии мубориза алайҳи фасод Кирилл Кабанов изҳори назар кард.
"Ҳоло ҳеҷ кас ҳисобҳои воқеии иқтисодиро аз рӯи соҳа пешниҳод накардааст, ки ин тезисро равшан тасдиқ мекунад", - шарҳ дод ӯ.
Ба фикри ӯ, аз рӯи нишондиҳандаҳои миқдорӣ на ҳисобҳои объективӣ ва на воқеъӣ мавҷуд нест.
Кабанов ёдовар шуд, ки теъдоди зиёди меҳмонон дар Русия ғайриқонунӣ кор мекунанд.
Муҳоҷирони ғайриқонунӣ андоз намесупоранд, ба мансабдорони ришвахор подош медиҳанд ва қонунҳои Русия нақз мекунанд.
Коршинос таъкид кардааст, ки "тиҷорати олигархӣ" ба нерӯи кории нисбатан арзон ниёз дорад ва мансабдорони фасодкор ба пул ниёз доранд.
Маҳз ба хотири манфиати шахсӣ коргаронро бо салоҳияти бениҳоят паст ҷалб мекунанд. Ва натиҷааш ин афзоиши ҷинояткорӣ аст.
Раиси Кумитаи миллии мубориза алайҳи фасод ҳамчунин гуфт, ниҳоди ӯ асноди дахлдорро омода мекунад ва дар ин бора ҷаласаи вижаи алоҳида баргузор хоҳад кард.