ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Дар Ҳисор бозиҳои марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон дар мавсими - 2023 оғоз мешаванд.
Бозии аввал рӯзи панҷшанбеи 26 январ баргузор мешавад.
Маркази матбуоти Федератсияи футболи кишвар хабар медиҳад, ки дар марҳилаи муқаддамотии Ҷоми Федератсия-2023 дар минтақаи Душанбе ҳашт даста ширкат мекунанд.
Ба гурӯҳи "А" "Истиқлол", "Регар-ТадАЗ", "Куктош" ва "Равшан"-и Кӯлоб шомиланд.
Дар гурӯҳи "В" ССКА, "Шодмон", "Душанбе" ва "Барқчӣ" мубориза мебаранд.
Ҳамаи бозиҳои марҳилаи пешакӣ дар минтақаи Душанбе дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.
Аз рӯи натоиҷи даври гурӯҳӣ ду даста аз ҳар гурӯҳ ба қисми ниҳоии Ҷоми ФФТ - 2023 роҳ меёбанд, ки ин мусобиқаҳо дар моҳи феврал баргузор мешаванд.
Аз вилоятҳои Суғду Хатлон ду даста ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми федератсия – 2023 роҳхат мегиранд.
Бояд гуфт, ки имсол фонди умумии ҷоизаҳои Ҷоми ФФТ 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Бар илова ба ҷоиза 50 000 сомонӣ мукофотпулӣ хоҳад шуд.
Барандаи медали нуқра 30 000 сомонӣ ва барандагони медали биринҷӣ 20 000 сомонӣ хоҳанд гирифт.