ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Аз 48 заҳролудшуда аксарашон пас аз муоинаи табибон мураххас шуданд, хабар медиҳад, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон.
“Ҳолати ҳамаи беморон муътадил аст ва ҳеҷ мушкиле ҷой надорад”, - омадааст дар хабари Раёсат.
Маврид ба зикр аст, 48 сокини деҳаи Чагами ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баъди истеъмоли қурутоб заҳролуд шуданд ва ба Бемористони марказии ноҳия муроҷиат намуданд.
Сокини Шамсиддини Шоҳин, ки аз қурутоб заҳролуд шудаанд
© Раёсати Вазорати тандурустии Хатлон
Як қисми заҳролудшудагон фавран дар Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Кӯлоб ва қисми дигар дар Беморхонаи деҳотии Чагам бистарӣ гардиданд.
Раёсати тандурустии вилояти Хатлон вобаста ба қазияи заҳролудшавии сокинони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хабар медиҳад, ки вазъи саломатии онҳо айни замон муътадил аст.
Ёдовар мешавем, ки 24 январ як гуруҳ сокинони деҳаи Чагами ноҳияи Шамсидлин Шоҳин баъди истеъмоли қурутоб заҳролуд шуда, бо оризаҳои дилбеҳузурӣ дар беморхона бистарӣ гардиданд.
Сокини Шамсиддини Шоҳин, ки аз қурутоб заҳролуд шудаанд
© Раёсати Вазорати тандурустии Хатлон