Ваъдаи раиси нави ноҳияи Рӯдакӣ барои дастгирии бошгоҳи "Куктош"

Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ масъалаи дастгирии тими футболи "Куктош"-ро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Раиси нави ноҳияи Рӯдакӣ, Абдуғаффор Ҳикматуллозода гуфт омода аст, дастаи "Куктош"-ро астгирӣ кунад.
Дар ин бора, зимни суҳбати ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва директори генералии Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов бо иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода маълум шуд.
Дар ин вохӯрӣ, масъалаи дастгирии бошгоҳи футболи "Куктош" аз ҷониби мақомоти ноҳияи Рӯдакӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ФФТ.
Раиси нави ноҳия Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз дошт, ки барои дастгирии бошгоҳи футболи "Куктош", ки ба лигаи олии чемпионати Тоҷикистон баргашт, ҳамаҷониба омодааст.
Ғолибони қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи якум муайян шуданд
"Мо дар мавсими нав "Куктош"-ро ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳем кард. Даста мухлисони ашаддии зиёде дорад. "Куктош" ифтихор ва шарафи ноҳияи мост. Умедворем, ки дар мавсими нав "Куктош" барои ҷойҳои ифтихории мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон мубориза мебарад", – гуфт ӯ.
"Истиқлол" барандаи нуҳкаратаи Ҷоми Тоҷикистон шуд
Соли гузашта даста ба финали Ҷоми Тоҷикистон роҳ ёфт ва медалҳои нуқраи лигаи якуми Тоҷикистонро ба даст оварда, боз ҳаққи ширкат дар лигаи олиро ба даст овард.