Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо

Сарвазири Русия ба Тоҷикистон меояд

Сафири Тоҷикистон дар Маскав бо муовини вазири умури хориҷии Русия масъалаи сафари дарпешистодаи сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин ба Тоҷикистнро баррасӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 25 янв – Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин дар аввали моҳи март ба Душанбе сафар хоҳад кард, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар ФР.
Тибқи иттилои манбаъ, масъалаи сафари дарпешистодаи сарвазири Русия ба Тоҷикистон ахиран дар Маскав зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Михаил Галузин баррасӣ шуд.

“Ҷонибҳо зимни мулоқот ба сафари қарибулвуқӯъи сарвазири Русия Михаил Мишустин ба Тоҷикистон, ки дар аввали моҳи марти соли равон дар назар аст, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд”,- иттилоъ додааст манбаъ.

Ҳазамон қайд карда шудааст, ки зимни мулоқот тарафҳо вазъ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Русия дар бахшҳои мухталифро баррасӣ карданд.
Собиқ вазири тоҷик муҳоҷират ба Русия барои таҳсилро ояндадор хонд
Ҳамчунин тарафҳо дар ин мулоқот дар бораи ҳамкориҳои ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули назар карданд.
Манбаъ қайд кардаст, ки мулоқоти тарафҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Маврид ба зикр аст, ки Маскаву Душанбе шарикони стратегӣ буда, Русия солҳост, ки калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ мондаст.