Вазорати дифои Русия видеои нобудсозии танки артиши Украинаро нашр кард

Вазорати дифои Русия хабар дод, ки як танки артиши Русия дар ҳамбастагӣ бо зериҳпӯши "Терминатор" мавқеъ ва техникаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро нобуд карданд
Sputnik
Вазорати дифои Русия видеои нобудсозии як танки украиниро аз сӯйи танкчиёни Русия дар ҳамбастагӣ бо мошини зиреҳпӯши “Терминатор” расонаи кард.
Мавқеи мошинҳои зиреҳпӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Украина дар дохили ҷангал бо кӯмаки ҳавопаймоҳои бесарнишин муайян карда шуд, низомиёни Русия зуд ба нобудсозии ин гурӯҳи оғоз кард.
Дабири кулли НАТО гуфт, барои чӣ ба Киев танк лозим аст
Наворҳои нашршуда нишон медиҳанд, ки чӣ гуна як танки Нерӯҳои Мусаллаҳи Русия якҷо бо зирӯпуши “Терминатор” ба мавқеъҳои артиши Украина зарба мезанад.
Саҳнаи ҷанг аз паҳпод сабт шудааст. Дар видео метавон дид, ки танкчиёни украинӣ чӣ тавр техникаи оташгирифтаву харобро тарк мекунанд.
Дар натиҷаи ҷанг мошини зиреҳпӯш ва танки артиши Украина несту нобуд карда шуд, сарбозони украинӣ фирор карданд.