ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Се узви дастаи мунтахаби бокси Тоҷикистон – Довуд Маҳкамов, Абдумалик Болтаев ва Шаҳбоз Ҳаитов сазовори медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 22-сола шуданд.
Дар ин бора Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола 18 январ дар шаҳри Бангкоки Тайланд шуруъ шуда, то 26 январ идома хоҳад дошт.
Манбаъ тавзеҳ додааст, ки муштзани тоҷик Довуд Маҳкамов дар вазни то 71 кило дар чорякфинал намояндаи Ироқ Наим Ҳусейн Юсуфро мағлуб кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Қазоқистон Сабиржан Аккаликов шикаст хӯрд.

Абдумалик Болтаев дар вазни то 75 кило зӯрозмоӣ намуда, дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Алохон Абдуллоев шикаст хурд. Ӯ дар чорякфинал варзишгари мизбон Ломфа Сонгбуранро мағлуб намуд.
Шаҳбоз Ҳаитов дар вазни то 80 кило дар нимфинал муқобили намояндаи Чин Ҳалимулатӣ Раҳеманду ба майдон баромад. Ин зӯрозмоӣ бо пирӯзии муштзани чинӣ анҷомидаст. Ҳаитов дар чорякфинал варзишгари Кувайт, Мусаб Алҳулайлиро мағлуб кард.
Дуюм Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни ҷавонони то 22-сола бо иштироки 149 варзишгар (95 мард, 54 зан) аз 20 давлати қора ҷараён гирифт. Аз ҷумҳурии мо 7 варзишгар – 6 мард, 1 зан дар ин чорабинӣ ширкат карданд.