Дастури Раҳмон дар бораи пардохтҳои гумрукиву бартарафсозии қарзҳои андоз

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба раиси Кумитаи андозу гумрук барои беҳтар намудани ҷамъоварии андоз ва пардохтҳои гумрукӣ дастур додааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 янв – Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикисто Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати кишвар барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷрои нақшаи пардохтҳои гумрукӣ, бартарафсозии қарзҳои андоз, пардохти нафақа ва суғуртаи иҷтимоӣ ва ба шакли электронӣ гузаронидани тамоми муносибатҳои молиявӣ дар ин соҳаҳо дастуру супоришҳои қатъӣ додаааст.
Кишвардори Тоҷикистон Вазорати молия ва Кумитаи андоз вазифадор кард, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ иҷрои сифатнок ва пурраи қисми даромади буҷети давлатиро дар соли 2023 таъмин намоянд.
Илова бар ин, раисҷумҳур ба Вазорати молия, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки барои дарёфти захираҳои нави молиявӣ ва ҷалби пурраи манбаъҳои даромад ба буҷети давлатӣ, инчунин, коҳиш додани бақияпулиҳои андоз ва пешгирӣ кардани пайдоиши бақияпулиҳои нав тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Озода Раҳмон нақшаро тасдиқ кард: Раисону вазирон аз кори кардаашон ҳисобот медиҳанд
Дар ин маҷлис ба раисҷумҳур иттилоъ доданд, ки дар соли 2022 аз ҳисоби андозҳо ва пардохтҳои дохилӣ ба буҷети давлатӣ 15 миллиарду 386,5 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда 594,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Иҷрои нақшаи андозҳо ва пардохтҳо дар кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба андозаи 107,7 фоиз, вилояти Хатлон 102,8 фоиз, вилояти Суғд 105,4 фоиз, шаҳри Душанбе 100,4 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар маҷмӯъ, 100,4 фоиз таъмин карда шуд.