Чӣ доду чӣ гирифт? Коҳишёбии ҳаҷми савдо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон

Бо вуҷуди марзбандии Қирғизистон ба рӯи тоҷикистониён соли 2022 додугирифти мол миёни ду кишвар сурат гирифтааст, аммо ба маротиб кам шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв – Sputnik. Савдои хориҷӣ миёни ин вилояти Суғд ва ҷумҳурии Қирғизистон давоми соли 2022 ҳудуди 7 баробар коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои сардори Сарраёсати Агентии омор дар Суғд, Ҳокимбек Накҳатзода ҳаҷми гардиши савдо миёни вилояти шимолии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Қирғизистон соли гузашта 3,6 млн долларро ташкил додаст.
Бар пояи маълумотҳои оморӣ давоми соли 2021, ҳаҷми гардиши мол дар ин масир беш аз 25 миллион доллар рақам зада мешуд.
Додугирифт зиёд: Каримзода аз тақвияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон гуфт
Сардори Идораи омор тавзеҳ дод, ки соли гузашта ҳиссаи маҳсулоти воридотӣ ба 2, 4 млн доллар ва саҳми содирот 1, 2 млн доллар ҳисоб шудааст.
"Тибқи рақамҳои гумрукӣ, агар соли 2021, аз Қирғизистон ба Суғд 72 навъ мол ворид шуда бошад, ин нишондиҳанда дар соли 2022 ба 6 намуд расид”- гуфт ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Молу маҳсулоти содиротӣ ҳам аз 36 номгӯи соли 2021 ба 5 намуд дар соли 2022 ба коҳиш ёфтаанд.

Чӣ ворид шуду чӣ содир?

Бино ба иттилоъи манбаъ дар ин давра маҳсулоти макаронӣ, ангиштсанг, маҳсулоти нафтӣ, нуриҳои минералӣ, мошинҳои ҷомашӯӣ ва маҳсулоти чубӣ ба гурӯҳи анвоъи моли воридотӣ аз Қирғизистон ворид шудаанд.
Дар феҳрасти молҳои содиротӣ аз Суғд ба Қирғизистон мевагиҳо, пиёз, семент, маҳсулотҳои пласмасӣ, профилҳои алюминӣ ва аробачаҳои бачагона, аз ҷумла дучархаву сечархаҳо зикр шудаанд. Инчунин дар ин давра аз ду ҷониб интиқоли барқ низ сурат гирифтааст.
Маврид ба зикр аст, ки баъди муноқишаи мусаллаҳонаи моҳи апрели апрели соли 2021 марзи Қирғизистон баста гардидааст. Бино ба ин сабаб, бозорҳои наздимарзии Суғду Бодканд ба мисли пештара гарм нестанд ва ҳузури сокинони деҳоти ду ҷониб дида намешавад.