ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. 23 январи соли 1989 водии Ҳисор, ки маъмулан ором буд, ба ларза омад. Ҳамин тавр заминҷунбии харобиовар оғоз ёфт, ки ба ҷумҳурӣ зарари калон расондаву ҷони ҳудуи 274 нафарро гирифт.
Фалокат, чунон ки одатан рӯй медиҳад, ҳеҷ кас интизор набуд. Наздикшавии хатарро нахуст одамон на, балки ҳайвонот ҳис карданд. Сокинони деҳаҳои гирду атроф баъдан ба ёд меоранд, ба гуфтаи онҳо, 40 дақиқа пеш аз ларзишҳоиаввал сагҳо бесабаб аккос ва нола мекарданду мехостанд соҳибонро аз хатар огоҳ кунанд.
Худи заминларза соати бомдод 05:02 ба вақти маҳаллӣ оғоз ёфт. Маркази зилзила дар 30-километрии ҷанубу ғарби Душанбе воқеъ буда, қувваи он ба 7 балл расид.
Аммо офати табиӣба деҳаҳои Шарора, Оқулии Боло, Оқулии Поён, Қарапучоқ, Якуми май харобиҳои зиёд овард.
Худ аз худ ларзиши замин дар ин ҷо хеле камтар эҳсос мешуд, сейсмологҳо қувваи ларзишро 5,5 балл арзёбӣ карданд. Вале афсус, ки ин барои ба амал омадани оқибатҳои дуюмдараҷаи заминчунбӣ кифоя буд, ки сабаби асосии фалокат гардид.
Заминлағжӣ бо садое чун таркиши бомб
То охири моҳи январ дар ғафсии хоки теппаи баланди гил, ки дар доманаи он Шарора воқеъ буд, нами бисёр ҷамъ шуд.
Дар ин қитъаи водии Ҳисор ҳафви омадани сел доимо вуҷуд дошт, вале аз ин касе наметарсид, зеро дар фасли зимистон харобкории табиат ба тахриби каме аз роҳҳо маҳдуд мешуд.
Теппаигилин, ки дар фарози дараустувору ғайри қобили ҳаракат ба назар мерасид, аммо ба маънои воқеӣ ғулеро менамуд, ки аслан барои афтодан таконе надошт. Чунин такон субҳи 23 январ рух дод.
Шоҳидони ҳодиса ёдовар мешаванд, ки ларзишҳоиаввалини зеризаминӣ на танҳо бо такон додани хок, балки бо садои баланди қобили муқоиса бо зарбаи метеорит ё таркиши бомба монанд буд.
Пас аз ҷунбишиаввал қуллаи теппа ба ҳаракат омад ва миқдори азими лою гил, ки баландиаш чанд метр ва бараш ду километр буд, бо суръат ба поин равон шуд.
Асари сели лойӣ ба сунамӣ ё вулқон монанд буд - биноҳои хонаҳо дар Шарорро пурра поку зери лой монда, асаре аз онҳо боқӣ намонд
Мутаассифона, заминларза субҳи барвақт оғоз шуд ва аксари сокинон, ки ҳодисаро пай бурданд, мутаассифона аллакай дер шуда буд. Даҳҳо нафар ҳамон лаҳза зинда зери хоку гил монданд.
Ин офат мурдаву зиндаи деҳаи замоне ободи Шарораро фуру буд, аммо ягона наҷотёфта аз ин фоҷиа тифли хурдсоле дар гаҳвора бас буд, ки баъдан номи онро Шарора номиданд, ки бузург шудаву, ҳоло ягона ёдгорие зиндае аз он даҳшат аст.
Бахт ба рӯйи деҳаи Оқули Боло, ки дуртар аз теппаи воқеъ буд, каме баландӣ кард. Маҷрои гил, ки ба он сӯ ҳаракат дошт, сустар буд ва он қадар фалокатовар набуд. Бо вуҷуди ин, дар ин ҷо 67 нафар ба ҳалокат расида, ярч аксари манзилҳоро хароб кард.
Сел то Оқули Поён баъди 10 дақиқаи заминчунбӣ расид. Аз талафоти одамон пешгирӣ карда шуд, зеро сокинон тавонистанд пешакӣ хонаҳои худро, ки аз лой то болохонаҳо пур шуданд, тарк кунанд.
Муқассир омили табиӣ ва ё инсонӣ?
Натиҷаи офати табиӣ, ки беш аз 2100 километри мураббаъро фаро гирифт, чунин буд: 274 нафар ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар ҷароҳат бардошта, дар беморхона бистарӣ шуданд, тақрибан ду километр роҳи мошингард комилан хароб шуд, ҳазорон сар чорво талаф шуда, заминҳои хоҷагии қишлоқ вайрон ва наздик ба 3000 хоҷагӣ хароб гардид.
Сабабҳои ҳодиса аз ҷониби гурӯҳи кории мутахассисони идораи Геология тоҷик таҳқиқ карда шуданд.
Фарзияи аввал, ки гуфта мешавад боиси лағжиши замин гардид, вуҷуди чашмаҳои гарм дар ин макон буд, ки ҳарорати онҳо дар и н вақт баланд гардида, боиси намнокии зиёд гардид. Ба гуфтаи шоҳидони ҳол лойи аз макон фурудомада чунон гарм буд, ки ҳатто пойро нигоҳ доштан дар он мушкил буд.
Аммо дар айни замон омили инсонӣ дар ин кор бештар дониста мешавад. Зеро бинобар хулосаи тадқиқот, сабаби фаромадани ярч дар натиҷаи бист соли ҷорӣ шудани об аз системаи ирригасионии пажуҳишгоҳи хоҷагии деҳоти Академия илмҳои ҷумҳурӣ дар заминҳои кишоварзии нарми минтақа буд.