ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Иқдоми ҳукумати Шветсия, ки ба ҳаракатҳои зиддитуркӣ дар вақтҳои охир иҷозат дод, дар ҷаласаи президенти Туркия бо кабинаи вазирон баррасӣ мешавад, хабар додааст РИА "Новости".
Ба иттилои манбаъ, раисиҷумҳури Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо вазиронаш инчунин раванди пайвастани Шветсия ба НАТО-ро ба миён мегузорад.
Баррасии вуруди Шветсия ба НАТО аз ҷониби Туркия дар ҳолест, ки миёни ин ду кишвар муносибатҳо шиддат гирифтанд.
Ахиран як сиёсатмадори радикали ростгарои аврупоӣ ва раҳбари ҳизби "Муомилаи сахт" Расмус Палудан китоби муқаддасро дар назди сафорати Туркия дар Стокҳолм сӯзонд.
Ӯ ба ин иқдом зимни ҳамоише даст зад, ки барои баргузории он дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия иҷозат дошт.
Сӯзондани Қуръон аз ҷониби як сиёсатмадори ростгаро зимни ҳамоиш дар пеши сафорати Туркия дар Шветсия вокунишҳои тундро дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд овард.
Дар Анқара дар посух ба сӯзондани Қуръон парчами Шветсияро оташ заданд. Сокинони Туркия ин кирдорро зиддиисломӣ хонда, дар ҷавоби беадабӣ эътироз барпо карданд. "Шабе мо ногаҳон ба Стокҳолм меоем!", - шиор доданд эътиозгарон.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Туркия як шарти розигияш барои қабули Шветсия ба НАТО-ро роҳ надодан ба ҳаракатҳои зиддитуркӣ дар ин кишвар гуфта буд.