Муҳриддин бо вазири нави умури хориҷии Ӯзбекистон чӣ масъаларо баррасӣ кард?

Дар шаҳри Тошканд дар мулоқоти вазирони умури хориҷии Тоҷикистону Ӯзбекистон масъалаҳои мубрами муносибатҳои ду кишвар баррасӣ шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Дар шаҳри Тошканд дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов, ки охири моҳи декабр ба ин вазифа таъйин шуд, дидору мулоқот кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар додааст.
“Зимни мулоқоти взирон дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ масъалаҳои мубрами муносибатҳои иттифоқӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистонро мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба ҷадвали тамосҳои сатҳи олӣ ва баланди дарпешистода мубодилаи афкор намуданд”,- иттилоъ додааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки тарафҳо масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавиро низ баррасӣ карданд.
Додугирифт зиёд: Каримзода аз тақвияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон гуфт
Ёдовари мекунем, ки 30 декабри соли равон бо фармони навбатии раисҷумҳури Ӯзбекистон дипломати Бахтиёр Саидов 41-сола ба мақоми иҷрокунандаи вазифаи раҳбари Вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон таъйин гардид.
Ӯ дар ин вазифа Владимир Норовро, ки бо сабаби гузаштан ба кори дигар аз мақомаш барканор шуд, иваз намуд.