Шаҳрдории Хуҷанд гуфт, ба зимистон чӣ гуна омодагӣ дид

Омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 хуб арзёбӣ гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Қариб як млн сомонӣ дар шаҳри Хуҷанд барои таъмини муассисаҳои тандурустӣ ва маориф бо ангишт дар давраи зимистон сарф карда шудааст.
Ба иттилои шаҳрдории Хуҷанд, ин иқдом дар доираи қарори раиси шаҳр дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 амалӣ гардид.
Таъкид шудааст, ки барои муассисаҳои соҳаи тиб эҳтиёҷот ба ангишт ва ҳезум мутаносибан ба миқдори 320 тонна ва 6 метри кубӣ муқаррар шуда, барои муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр мутаносибан ба миқдори 887 тонна ангишт ва 381 метри мукааб ҳезум муайян гардид.
Дар Хуҷанд нархи гази моеъ якбора поин рафт
Ҳаҷми ниёзмандӣ дар маҷмуъ 1207 тонна ангишт ва 387 метри кубӣ муайян шудааст, аммо шаҳрдорӣ аз ин нишондиҳанда барзиёд захира кардаст.
"Аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маориф 633 ҳазор сомонӣ барои захираи 927 тонна ангишт ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи тандурустӣ 282 ҳазор сомонӣ барои захираи 346 тонна ангишт сарф карда шудаст", - омадааст дар матлаб.
Гузориши шаҳрдории Хуҷанд аз омодагиҳояш ба давраи зимистони ҷорӣ дар ҳолест, ки моҳи январ тамоми ҷумҳурӣ, аз ҷумла шимоли кишварро сармои шадид фаро гирифт. Дар натиҷаи хунукиҳо дар таъминоти об, барқ ва мусофирбарӣ дар бархе аз минтақаҳои кишвар мушкилот ба вуҷуд омаданд.