Русия барои Тоҷикистон кадрҳои гумрукро омода мекунад

Роҳбарияти Хадамоти гумруки Тоҷикистон масъалаи муҳим дар самарнокии кори ин ниҳодро интихобу ҷойбаҷойгузории дурусти кадрҳо хонд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Академияи гумруки Русия даҳҳо мутахассиси соҳаро барои бахши гумруки Тоҷикистон омода карда истодааст, хабар дод "Ховар" аз қавли роҳбари мақомоти гумруки ҶТ.
Ба иттилои раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон, Хуршед Каримзода, 22 нафар ба Академияи гумрукии Русия дохил шуда, феълан дар филиалҳои Академия дар шаҳрҳои Любертси, Санкт-Петербург ва Ростови соҳили Дон таҳсил доранд.
Вай таъкид намудаст, ки интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, сифатан беҳтар намудани ҳайати воҳидҳои сохторӣ, фаъол гардонидани мубориза алайҳи фасод ва суиистифода аз вазифаҳои хизматӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолият мебошад.
Каримзода илова намудаст, ки барои амалӣ намудани тағйироти кадрӣ дар ҳама зинаҳо тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодаанд.
Додугирифт зиёд: Каримзода аз тақвияти гузаргоҳҳои марзӣ бо Ӯзбекистон гуфт
Инчунин зикр шудаст, ки омодасозии кадрҳо дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси Хадамоти гумрук сурат низ гирифта, ҳар сол ҳудуди 250 нафар кормандони мақомоти гумрук ба омӯзишҳо фаро гирифта мешаванд.
Раиси Хадамоти гумрук тавзеҳ додаст, ки аз ҷумла мутахассисони барасмиятдарории гумрукӣ ва брокерҳои гумруки кишвар аз такмили ихтисос мегузаранд.
"Кормандони мақомоти гумрук ҷиҳати такмили донишу малакаи касбӣ ба хориҷи мамлакат сафарбар гардида, аз таҷрибаи бойи давлатҳои абарқудрати ҷаҳонӣ дар бахши фаъолияти гумрукӣ бархурдор мегарданд", - илова намудаст ӯ.
Дар зимн мақомоти гумрук изҳор медорад, ки соли гузашта нақшаи даромадро ба буҷаи давлат ба андозаи беш аз 900 млн сомонӣ барзиёд иҷро карда, беш аз 7,4 млрд сомониро ба буҷа ворид кардаанд.