ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар минтақаҳои Тоҷикистон ҳаво бебориш мешавад, вале фаромадани тормеғ дар назар аст.
Ба иттилои Оҷонсии обуҳавошиносӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шиддати шамол дар як сония ба 5-10 метр мерасад. Ҳаво дар ғари вилят шабона 12-17 ва рӯзона 3-8 дараҷа хунук мешавад. Дар қисмати шарқӣ шабона 27-29 ва рӯзона 13-18 дараҷа хунукӣ дар назар аст.
Дар вилояти Суғд низ вазиши шамол дар як сония ба 5-10 метр мерасад. Рӯзона дар ин вилоят ҳаво аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гамр ва шабона 7-12 дараҷа сард мешавад.
Манбаъ ҳавои вилояти Хатлонро низ бебориш арзёбӣ намуда, фаромадани тормеғ ва ҳамчунин то 5-10 метр дар як сония вазиши шамолро пешгӯӣ мекунад. Рӯзона дар ин минтақаи Тоҷикистон ҳаво то 5 дараҷа гарм мешавад, вале шабона 1-6 дараҷа сард шудани ҳаво дар назар аст.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ бо шиддати то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 4-6 дараҷа хунук, рӯзона 3+5 дараҷа гарм мешавад.