ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Бобоҷони Ғафурови вилояти Суғд марди 25-сола дар ҳолати мастӣ ҳамсари худро оташ задааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод.
Ба гузориши ВКД, мард ҳамагӣ чор моҳ бо ҳамсари худ зиндагӣ кардаву дар ҳолати мастӣ бо ӯ ҷанҷол намуда, аз сари хашму ғазаб ба сару рӯю гардани завҷааш сӯзишвории дизелӣ рехта, ӯро оташ задааст.
Зикр гардид, ки нисбат ба ҷавони 25-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ки пеш бо моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бар асоси қисми якуми моддаи 110 парвандаи нави ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Ҳамсари ӯ ҳоло бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ аст.
Тафсилоти дигари ин ҳодисаи даҳшатбор дастрас нест. ВКД гуфт, ки оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.
Бар асоси қисми якуми моддаи 110 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон, ба ин шавҳари бадҷаҳл ҳамчун ҷазо барои қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнине, ки барои ҳаёти инсон хавфнок мебошад, ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.