ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Паҳлавони тоҷик Фаридун Одилов дар Лигаи Қаҳрамонии мутлақ қувваозмоӣ мекунад.
Дар ҳошияи вохӯрӣ дар вазни сабук размикори тоҷик бо варзишгари рус Элмар Ҳасанов қувваозмоӣ мекунад. Ин мубориза рӯзи 27 январ дар Қазон баргузор мешавад.
Қаблан варзишгар бо лигаи АСА барои 6 набард шартнома баст.
Набарди қаблии Одилов моҳи декабри соли 2021 дар мусобиқаи Eagle FC 43 баргузор шуд. Терминатори тоҷик он замон рақиби худ Энох Солвес Торресро бо нокаути техникӣ шикаст дод.
Феълан дар фаъолиятии варзишии Одилов 12 пирӯзӣ сабт шудааст, ки 10-тои онро қабл аз муҳлат ба даст овард. Ҳамчунин ӯ 2 маротиба ба рақибони худ бохт ва ду дафъаи дигар рақобатро бо ҳисоби мусовӣ анҷом дод.
Ҳоло бошад 6 набарди ахири ӯ бидуни бохт анҷом ёфтааст.
Зимнан, моҳи декабри соли ҷорӣ ӯ мебоист бо Даурен Ермекови қазоқ қувваозмоӣ мекард, аммо ин мубориза лағв шуд. Иллати лағв шудани набард вазни барзиёди Одилов боис шуд.