Марги фоҷиабори падару писар дар ноҳияи Хуросон

Ҳоло ҳамсар ва як фарзанди дигари ин хонавода, ки сокинони деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти Ҳилолӣ мебошанд, дар ҳолати вазнин дар бемористон бистариянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлони ҳодисаи фоҷиабор рух дод, хабар медиҳад сомонаи "Фараж".
Ба иттилои манбаъ, як хонаводаи ҷавон аз дуди ангишт заҳролуд шуданд, ки дар натиҷа падари хонавода, марди 33-сола ва писари панҷсолаи ҷон бохтанд.
Ҳамзамон, ҳамсар ва як фарзанди дигар ҳоло дар ҳолати вазнин дар бемористон қарор доранд.
Гуфта мешавад, ҳодисаи нохуш дар деҳаи Гулрези ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳия рух дод.
Ин хонавода ба эҳтимоли зиёд барои гарм кардани манзили худ аз ангишт истифода бурданд, вале беэҳтиётии онҳо ба фоҷиа анҷомид.
"Тиллои сиёҳ" муҷиби маргашон шуд: тафсилоти ҳалокати чор сокини Панҷакент дар кони ангишт
Маврид ба ззикр аст, ки давоми чанд рӯз ҳавои Тоҷикистон бесобиқа сард шуд ва бинобар ях бастани рӯду каналҳо дастрасии мардум ба нурӯи барқ низ дучори мушкилӣ гардид.
Аз ин рӯ, бештари сокинон барои гарм кардани хонаҳои худ аз ҳезуму ангишт истифода мебаранд.
КҲФ борҳо аз сокинон даъват намуд, ки аснои гарм кардани хонаҳои худ бо дастгоҳҳои гармкунӣ ва ҳамчунин печҳои бухорӣ аз эҳтиёт кор гиранд.