ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ чаҳор шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ ва ғоратгарӣ дастгир кардаанд.
Дар ин бора хабаргузории "Авеста" бо такя ба маълумоти ин ниҳоди интизомӣ хабар дод.
Роҳзанон пул талаб карда, ҳамватанони худро, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Қазоқистон қарор доштанд, ғорат кардаанд.
Ин гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон фаъолият дошт.
"Сокинони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва сокини Қубодиён аз аъзоёни ин гурӯҳ буданд, ки ҳамватанони худро ғорат мекарданд", - омадааст дар хабар.
Ба тими онҳо ҳамчунин як шаҳрванди Ӯзбекистон Шукуров Ҷовидон Асалбоевич низ шомил буд, ки ба муҳоҷиронро ғорат мекард.
Гуфта мешавад, гумонбарон ҳамватанонро бо корд ва силоҳи оташфишон тарсонда, пул меситониданд.
Ҳоло нисбати боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.