ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Вазири тандурустии Тоҷикистон бо судури фармони худ сартабиби таваллудхонаи вилояти Суғдро иваз кардааст, хабар дод аз Раёсати тандурустии вилоят.
Мудири шуъбаи ҳифзи модару кӯдак дар Идораи тандурустии Суғд, Индира Акмалхӯҷаева ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки Мунира Валиева, сартабиби нави таваллудхонаи Суғд таъйин шуд.
“Ин таъйиноти кадрӣ бо пешниҳоди раиси вилояти Суғд ва фармони вазири тандурустӣ сурат гирифт” - тавзеҳ дод Акмалхӯҷаева.
Валиева дар ин мақом Дадобоева Нуриро иваз намуд. Сабаби барканории Дадобоева баромадан ба синни нафақа гуфта мешавад.
Ин тағйирот дар ҳоле сурат гирифтанд, ки чанд рӯзи қабл дар ин таваллудхона нахустин шашгоникҳои таваллудшуда дар Тоҷикистон фавтиданд.
Валиева Мунира Солиҷоновна, ки сартабиби нав таъйин шудааст, 25 апрели соли 1969 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст.
Соли 1987 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Хуҷанд ва соли 1993 Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанберо хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз соли 1994 ба ҳайси духтури занона дар таваллудхонаи вилоятӣ дар Хуҷанд оғоз намудааст.
Аз соли 2013 то таъйиноти ахир дар вазифаи ҷонишини сартабиби таваллудхона оид ба корҳои ташкили методӣ кор кардааст.