ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда ва асосан бебориш пешгӯӣ мешавад, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, ВМКБ-ро ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш дар пеш буда, ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 2-17 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 26-31дараҷа хунук, рӯзона 16-21 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро ҳавои тағйирёбандаи бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук мешавад.
Дар бархе навоҳии Хатлон тормеғ мефарояд.Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 2-7 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2-7 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш, вале бо тормеғ фаро мегирад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11 дараҷа хунук, рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани тормеғ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат шабона 4-6 дараҷа хунук, рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.