Омодаанд 15 млн доллар пешпардохт кунанд: созиши Давлаталӣ Саид бо сафири қазоқ

Раиси навтаъйини Хатлон азм дорад, бо ҳамкориҳо дар бахши кишоварзиро бо Қазоқистон, аз ҷумла дар бахши фурӯши маҳсулоти вилоят тақвият бахшад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, сафири Қазоқистон дар мулоқот зикр кард, ки нақша доранд ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ тақвият бахшанд.
Ӯ аз ҷумла афзоиши содироти маҳсулот, хусусан пиёзу сабзӣ ва карамро таъкид доштааст.
Ба иттилои сафир, соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 млн доллар пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.
Ноиби сарвазир ҳамроҳи олимҳо таъсири сармо ба мурғу токзорҳоро таҳлил карданд
"Соҳибкорон аз Қазоқистон барои харидории ангури тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд ва интизор меравад, ки ҳамкориҳо дар ин ҷода густариш ёбад", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои мақомоти Хатлон, вилоят дар як сол то 500 ҳазор тонна пиёз истеҳсол мекунад, дар ҳоле ки талаботи бозори истеъмолии давлати Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 000 тонна пиёзро дар бар мегирад.
Раиси вилоят дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот муовини якум ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муаззаф намуданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.