Охирин зиндонии эронӣ дар Тоҷикистон ба Эрон истирдод шуд

Дар зиндонҳои Тоҷикистон танҳо як эронӣ будааст, ки он ҳам ахиран ба итттлои сафири Эрон дар Душанбе ба кишвараш истирдод шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақии Собирӣ аз интиқоли танҳо зиндонии эронии боқимонда дар Тоҷикистон хабар дод.
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ин бора дар сафҳаи шахсии худ дар Твиттир хабар додааст.
“Бо пайгирӣ ва ройзаниҳои сафорат ва ҳамоҳангиҳои ба амаломада бо Вазорати умури хориҷа ва Вазорати додгустарии Эрон ва мусоидати мақомоти қазоии Тоҷикистон ва дар чорчӯби мувофиқатномаи интиқоли маҳкумони байни ду кишвар, танҳо зиндонии боқимондаи эронӣ дар Тоҷикистон ба кишварамон мунтақил шуд”, - гуфтааст Муҳаммадтақии Собирӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон танҳо як шаҳрванди Эрон адои ҷазо мекунад.
Мақомот иттилоъ дода буд, ки додгоҳи Хатлон як марди 50-сола, шаҳрванди Эронро барои сӯиқасди куштору роҳзанӣ ба 17 соли зиндон маҳкум карда буд.
Ҳамзамон қаблан мақомоти Тоҷикистон хабар дода буд, ки ягон шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди Эрон зиндонӣ нест.
Аммо дар пайи як амали террористии ахир дар яке аз масҷидҳои Эрон як шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шуда буд. Тақдири ин шаҳварнди боздоштшудаи Тоҷикистон то ҳол маълум нест.