ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Бишкек ва Душанбе якдилона бар ин назаранд, ки масъалаи аломатгузории марзи миёни ин ду давлат ҳалли худро пайдо мекунад.
Дар ин бора Жеенбек Кулубоев, роҳбари Вазорати умури хориҷии Қирғизистон изҳор дошт.
"Роҳбарияти олии Қирғизистон ва Тоҷикистон дарк мекунанд, ки масъалаи сарҳад бояд баста шавад", - гуфт вазир дар нишасти матбуотӣ.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Кулубоев, "дар як рӯз ҳалли ин масъала ғайриимкон аст".
"Ҳайатҳои ду кишвар сари ин масъала кор мекунанд. Натиҷа аз пешрафти онҳо вобаста аст. Умедворем, ки соли 2023 дар ин масъала пешравӣ ҳосил мешавад", - таъкид кард раиси вазорати хориҷа.
Ёдовар мешавем, ки тавсифи ҳудуди 100 километри хати сарҳадӣ ахиран анҷом шуда буд.
Ҳамин тариқ, хати сарҳадии мувофиқашуда аллакай тақрибан 625 километр ё тақрибан 63 дарсади дарозии онро ташкил медиҳад.
Охири моҳи декабри соли 2022 дар маркази хидматрасонии "Раъно" воқеъ дар Қирғизистон музокироти гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон баргузор шуд.
Сипас ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки кори комиссияи муштаракро дар соли 2023 барои коҳиши таниш дар марз идома диҳанд.