ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон бо судури чанд фармон кадрҳои Вазорати меҳнат, Хадамот ва Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро ҷобаҷо кард.
Дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар медиҳад, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Давлатзода Қиёмиддин таъйин гадид.
Давлатзода то таъйин шудан ба ин вазифа муовини директори Агентии омор буд.
Ҳамчунин бо фармони дигари президент, Баротзода Бобохон Хол аз вазифаи директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ барканор шуд. Иллати барканории Хол баромадан ба нафақа арзёбӣ шуд.
Зимнан, ба курсии Бобохон Хол бо фармони роҳбари давлат Ашурализода Абдураҳмон такя зад.
Роҳбари давлат дар Хадамоти муҳоҷират низ тағйироти кадрӣ анҷом дод. Бо фармони ӯ, Каримзода Тоҳир сардори ин ниҳод бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифа барканор шуд. Ба ҷои ӯ, Нодирзода Иматшо сардори хадамот таъйин гардид.
Қаблан. Эмомалӣ Раҳмон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ширин Амонзодаро барканор ва ба ҷои ӯ Гулнора Ҳасанзодаро таъйин намуд. Ҳасанзода дар гузашта директори Агентии омор буд.
Роҳбари собиқи Вазорати меҳнат то ҳол ба ягон вазифа таъйин нашудааст.