ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Бар асари сармои зиёд дар рӯзҳои ахир даҳҳо тан аз шаҳрвандони Афғонистон кушта шудаанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Садо ва симо”.
Тибқи иттилои манбаъ, имрӯзҳо дараҷаи ҳаво дар бархе манотиқи Афғонистон дар рӯзҳои ахир ба 30 дараҷаи зери сифр расидааст.
Сухангӯи волии Толибон дар Бадахшон Муизиддин Аҳмадӣ ахиран гуфт, панҷ кӯдак бар асари сармои шадид дар рӯзҳои ахир дар шаҳристони Шаҳри Бузурги вилояти Бадахшон ва як кӯдаки дигар дар ноҳияи ҳафтуми шаҳри Файзобод, маркази ин вилоят ҷони худро аз даст доданд.
Бояд қайд кард, ки вилояти Бадахшон яке аз минтақаҳои сардсери Афғонистон аст, ки масирҳои иртиботии ин устон ҳудуди панҷ моҳ дар сол ба далели резиши барфи сангин масдуд мешавад.
Инчунин ёдрас мешавем, ки пештар ҳукумати толибҳо шумори талафоти ношӣ аз сармо дар камтар аз як ҳафтаи ахирро 26 нафар эълом карда буд.
Ёдовари мекунем, ки имрӯзҳо Тоҷикистон кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳам дар оғуши сармо ва бориши барфи шадид қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон рӯзҳои 19 ва 20 январ дар роҳҳои минтақаи кӯҳӣ хавфи фаромадани трама зиёд аст.
КҲФ аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғобро хатарнок арзёбӣ кард. Зеро хавфи фаромадани трама дар ин роҳҳо ниҳоят баланд аст.