ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Оҷонсии зидди фасод хабару овозаҳо дар мавриди он ки фишороварии кормандони ин ниҳод як мақомдори Панҷакентро ба марг расонид, комилан рад намуда, онро беасос ва дур аз воқеият арзёбӣ кард.
Дафтари матбуоти Оҷонсии зидди фасод дар шарҳи сабаби марги сардори шуъбаи назорати кумакпулиҳои иҷтимоии раёсати Оҷонсии суғутаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакент гуфт. марҳум аз асфексияи механкиӣ дар натиҷаи пахш шудани узвҳои гардан вафот кард.
Ин ниҳод афзуд, нисбати марҳум моҳи октябри соли гузашта бо ҷурми суистифода намудан аз ваколатҳои мансабӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида буд.
Барои тафтиши ҳамаҷониба кормандони Оҷонсӣ гумонбаршударо тибқи қонун бозпурсӣ намуданд, ва вале ӯ аз рафти бозпурсиҳо ягон маротиба шикоят накарда буд, омадааст дар хабарнома.
Маврид ба зикр аст, ки ҷасади ба дор овехтаи корманди раёсати оҷонсии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар шаҳри Панҷакентро пайвандони ӯ дар манзили истиқоматияш пайдо намуданд.
Ба боварии онҳо, марҳум бинобар таъқибу фишори кормандони оҷонсӣ даст ба худкушӣ задааст, вале ин ниҳод мегӯяд, онҳо муҷиби фавти ӯ нашудаанд.
Бо вуҷуди ин, аз сӯи мақомоти прокуратура сабаби марги ӯ тафтиш мешавад.