КҲФ аз яхбандиҳо ва хавфи фаромадани тарма ҳушдор дод

КҲФ роҳҳои самти Душанбе-Хоруғ, Душанбе-Хуҷанд, Хоруғ-Ишкошим ва Хоруғ-Мурғобро ба далели хафзи баланди фаромадани тарма хатарнок арзёбӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Рӯзҳои 19 ва 20 январ дар роҳҳои минтақаи кӯҳӣ хавфи фаромадани трама зиёд аст. хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо истинод ба Оҷонсии обуҳавошиносии мамлакат.
КҲФ аз ҷумла роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғобро хатарнок арзёбӣ кард. Зеро хавфи фаромадани трама дар ин роҳҳо ниҳоят баланд аст.
Ин ниҳод мегӯяд, бинобар гарм шудани ҳаво ва об шудани барфҳо, сардии шаб боиси ях бастани роҳҳо мегардад.
Гармиҳо кай ба Тоҷикистон меояд? Шарҳи коршинос
Дар ин росто, КҲФ аз тамоми сокинон ва меҳмонони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз раву дар қитъаҳои хатарноку осебпазир ба қасди ҷамъоварии ҳезуму роҳандозии корҳои дигар худдорӣ намоянд.
КҲФ ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки агар сафар зарур шуд, бояд аввал мошини худро аз назар гузаронанд, чархҳои фарсударо бо нав иваз кунанд, ҳама лавозимоти барои ин рӯзҳо зарурро бо худ бигиранд.
Кумита аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин гуна рӯзҳои сарду тармахез эҳтиёткор бошанд