Мураббӣ Игор Черевченко ба тими "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе пайваст. Маросими имзои шартнома дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.
Черевченко дар меҳмонхонаи "Ҳаят Реҷенсӣ"-и Душанбе, шартномаро ба ҳайси сармураббии "Истиқлол" ба муҳлати як сол имзо кард.
Ба гуфтаи мураббӣ, пешниҳодҳои дигари ҳамкорӣ низ буданд, аммо ӯ Тоҷикистонро интихоб кард.
Мӯҳсин Муҳаммадиев зимни муаррифии сармураббии ҷадид, ин рӯзро аз хушбахттарин рӯзҳо унвон кард.
"Мо бисёр шодем, ки варзишкорони собиқ ба Ватан баргаштанд ва барои рушди футболи тоҷик кор хоҳанд кард. Мо талош мекунем, ки ба ҳадафҳои гузошташуда бирасем", - гуфт ӯ.
Чи тавре, ки худи Черевченко гуфт, таъиноти навро ӯ ҳамчун қарз ва даъват мешуморад.
"Ин ватани ман аст, ҷое, ки ба ман футболбозиро омӯхтанд", - изҳор дошт мураббӣ дар бораи бозгашти худ ба Тоҷикистон.