ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар роҳҳои ВМКБ мошинҳои боркаш бинобар сардии ҳаво ях баста ва банд мондаанд.
Дар ин бора, Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки ҳафтаи охир бинобар паст шудани ҳарорати ҳаво дар минтақаҳои гуногуни Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мошинҳо ях карда, дар роҳ банд мондаанд.
Манбаъ сабабашро аз тарафи баъзе ронандагон истифода намудани сӯзишвории дизелии тобистона ва пастсифат гуфтааст.
Дар ин росто, ин ниҳод ба ронандагон ҳушдор додааст, ки дар чунин роҳҳо танҳо аз сӯзишвории баландсифат истифода баранд.
"ВКД ба диққати роҳбарони муассисаҳои нақлиётӣ ва ронандагони боркаш мерасонад, ки ҳангоми сафар ба минтақаҳои дорои ҳавои сарди шадид бе таъмини сӯзишвории дизелии махсуси зимистона ва хушсифат ба роҳ набароянд", - омадааст дар хабарнома.
Ин дар ҳолест, ки сардии шадид ва зиёд шудани яхпораҳо дар дарёи Ғунд ба фаъолияти муътадили Неругоҳи барқи обии "Помир-1" ва НБО-и "Хоруғ" монеа эҷод намуда, корхонаи ордбарорӣ аз фаъолият бозмонд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, ҳавои хунук дар кишвар то 25 январ боқӣ мемонад.