ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Соли 2022 дар вилояти Хатлон 25 намуди амалиёти нави ҷарроҳиеро, ки қаблан дар муассисаҳои тандурустии вилоят гузаронида намешуданд, ба роҳ монданд.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар дод.
Яке аз ин намудҳо бо усули нави ҷарроҳии найчагузории маҷроҳои талхагузар, кистаҳои солитарии ҷигар, гурда ва узвҳои занона таҳти назорати дастгоҳи ташхисии фаросавтӣ гузаронида шудааст.
Ин ҷарроҳӣ дар Беморхонаи клиникии бисёрсоҳавии ба номи А. Ҳақназарови шаҳри Кӯлоб ба роҳ монда шудааст, афзудааст манбаъ.
Дар беморхонаи мазкур инчунин амалиёти ҷарроҳии бурида гирифтани думи ғадуди зери меъда бо киста низ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамчунин, дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Б.Воҳидови шаҳри Бохтар бо ташхиси "тангшавии роҳҳои пешобрав" амалиёти ҷарроҳии "ретеропластикаи аугментатсионӣ" бо истифодаи пардаи луобии лунҷ ба роҳ монда шудааст.
Дар ин беморхона, ҳамчунин, амалиёти ҷарроҳии "эхинококози шушҳо" бо усули торакоскопӣ тариқи видеоассистентӣ ва ҷарроҳии тармимӣ дар суфраи гӯш гузаронида шуданд.
Соли гузашта табибони Хатлон усулҳои дигари ҷарроҳиро муваффақона гузарониданд, ки боси коҳиш ёфтани теъдоди беморони хориҷирав гардидааст.
Ин дар ҳолест, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз кори табибони тоҷик интиқод карда, гуфта буд, ки махсусан мақомдорон ҳатто барои муолиҷаи дарди сар ба хориҷа медаванд.