ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик барои мусобиқаи қаҳрамонии ҷудо ба Португалия мераванд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар додааст.
Гран-при Португалия аз 27 то 29 январ дар шаҳри Алмада дар ҷанубу ғарби кишвар баргузор мешавад.
Ба ҳайати мунтахаби Тоҷикистон ҳафт куштигир: Обид Ҷебов, Ҷаҳонгир Маҷидов, Мансур Раҳмон, Шодмон Ризоев, Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода ва Комроншоҳи Устопириён шомиланд.
"Ба даста коршиноси ҷопонӣ Тамура Тори роҳбарӣ мекунад", - омадааст дар хабарномаи хадамоти матбуотӣ.
Ба иттилои Федератсияи ҷудо, ду узви даста ба далели мушкили раводид имкони ширкат дар ин мусобиқаро надоранд. Инҳо Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ мебошанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар раддабандии тимҳои ҷудо дар ҷои 41-ум қарор дорад. Дар маҷмӯъ, дар ин рӯйхат 172 кишвар намоянда дорад.
Ин дар ҳолест, ки Темур Раҳимов беҳтарин варзишгари сол дониста шуд Дар ҳамин ҳол, Темур Раҳимов дар раддабандӣ дар вазни +100 дар ҷои 1-ум, Нуралӣ Эмомалӣ дар вазни -66 дар ҷои 34-ум қарор доранд.