ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Қирғизистон ва Тоҷикистон дар мавриди зарурати анҷоми музокирот дар бораи марз ба тавофуқ расиданд, гуфт вазири умури хориҷаи Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев.
"Дар равобит бо Тоҷикистон як давраи хеле душвор буд. Ҳодисаи сентябрӣ... Баъд аз он мо муддати хеле тӯлонӣ музокироти пӯшида анҷом додем. Ҳоло вазъ беҳтар шуда истодааст. Ҳам аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз ҷониби мо ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дорад, ки гуфтушуниди марзиро ба охир расондан лозим аст.
Охири соли гузашта гуфтушунид ба самти мусбат пеш рафт. Фикр мекунам имсол музокиротро фаъолтар идома медиҳем", — гуфт ӯ дар суҳбат бо "Биринчи радио".
Ин дар ҳолест, ки ахиран кишвардорони Тоҷикистону Қирғизистон зимни суҳбати телефонӣ ба масоили марзӣ дахл карданд.
Онҳо низ аз фаъолнокии раванди музокирот дар чорчӯби комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ ҷонибдорӣ намуданд.
Қобили зир аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки садҳо километри он ҳанӯз мушаххасу аломатгузорӣ нашудааст. Ин номуайянӣ мунтазам боиси таниш мегардад, ки баъзан бо хунрезӣ мепечад.
Даргирии ахири марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон нимаи моҳи сентябр авҷ гирифта, аз ҳарду ҷониб садҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузошт. Душанбею Бишкек ҳамдигарро дар сар задани ин даргирӣ муттаҳам мекунанд.