Мақомот гуфт, дар кадом фасл сайёҳони хориҷӣ бештар ба Тоҷикистон меоянд

Кумитаи рушди сайёҳии кишвар таъкид кардааст, ки сайёҳони хориҷӣ барои сафар ба Тоҷикистон бештар фасли тобистонро интихоб мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси сайёҳ ба Тоҷикистон дар фасли тобистон зиёд буданд, иттилоъ додааст ба Sputnik Тоҷикистон Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, аз шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, 999,3 ҳазор нафарашон ба ҳайси сайёҳ (тибқи методологияи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ) арзёбӣ гардидааст.
Имзои созишномаҳои сайёҳӣ миёни Тоҷикистону Кувайт
Кумитаи рушди сайёҳӣ қайд кардааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 703 ҳазор нафар сайёҳ ё 3,4 маротиба зиёд мебошад.
“Аз ин нишондиҳанда аз давлатҳои ИДМ 950,1 ҳазор нафар ва аз давлатҳои хориҷи дур 49,2 ҳазор нафар сайёҳ ворид гардиданд. Дар маҷмуъ дар панҷ соли охир ба Тоҷикистон беш аз 3,9 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ворид гардидаанд”, - зикр кардааст Кумита.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки дар ин давра барои пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо беш аз 600 ва танҳо дар соли 2022-юм 100 иншооти инфрасохтори сайёҳӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Ба иттилои Кумита дар соли гузашта иншооти қабулу хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ тамоми имкониятҳои худро бюарои ҷалби бештари сайёҳон сафарбар намуданд.