ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik Ҷудокори тоҷик дубора имкони ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалиро пайдо кард.
Гап сари Ҷаҳонгир Маҷидов ҷудокори тоҷик меравад, ки ахиран аз сӯӣ Федератсияи байналмилалии ҷудо муҷозот шуд ва тамоми холҳои ӯ бекор шуданд.
Ба гузориши Федератсияи байналмилалии ҷудо, Исмоил Маҳмадзоир президенти ин ниҳод бо масъулони ФБҶ гуфтушунид намуд, ки дар натиҷа Маҷидов имкони дубора иштирок кардан дар мусобиқаҳоро пайдо кард.
Тавре созмон тавзеҳ дод, акнун варзишгар метавонад бо истифода аз холҳои дар мусобиқоти IJF гирифташуда барои роҳхат ба Олимпиада талош кунад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи ноябри соли 2022 Маҷидов ба далели иштибоҳи марбут ба сабти ду шаҳрвандӣ аз ҳаққи ширкат дар мусобиқоти Федеросиюни байналмилалии ҷудо маҳрум шуда буд.
Гап сари он аст, ки ҷудочӣ қаблан дар ҳайати тими Озарбойҷон баромад мекард ва аз ин кишвар дар низоми IJF сабти ном шуда буд.
Баъди он, ки Маҷидов аз номи Тоҷикистон дар ин мусобиқа ширкат кард, ӯро ҷарима карданд. Федератсияи ҷудои ҷумҳурӣ таъкид кард, ки ин танҳо як иштибоҳи фаннӣ дар системаи сабти номи IJF аст.
Бояд гуфт, Муллораҷаб Халифаев низ муҷозот шуда буд ва ҳоло масъалаи иштироки ӯ низ баррасӣ мешавад.