ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Дар Душанбе зимни мулоқоти раиси “Амонатбонк” Сироҷиддин Икромӣ бо роҳбари гурӯҳи кории “Актифбонк”-и Туркия Азад Исмаил масоили амалиёти асъорӣ, интиқоли маблағ аз корт ба корт, ҳисоббаробаркуниҳои байналмилалӣ ва хизматрасонии фосилавӣ баррасӣ гардиданд.
Дар ин бора даффтари матбуоти Бонки давлатии амонатгузории"Амонатбонк" хабар додааст.
Тибқ иттилои манбаъ, раиси “Амонатбонк” зимни дидор дар бораи фаъолияти молиявии "Амонатбонк" дар соли 2022 иттилоъ дода, зикр намуд, ки мавқеи "Амонатбонк" дар низоми бонкии Тоҷикистон устувор буда, новобаста аз таъсири манфии омилҳои берунӣ бонк дар ҳолати хуби молиявӣ қарор дорад.
Сироҷиддин Икромӣ ҳамчунин таъкид намудааст, ки тибқи дурнамои бонк то соли 2025 дар нақша аст, ки доираи фаъолияти хориҷии "Амонатбонк" васеъ гардида, ҳамкории муштарак бо бонкҳои хориҷӣ, аз ҷумла, "Актифбонк" -и Туркия дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шавад.
Роҳбари гурӯҳи кории "Актифбонк" Азад Исмаил таваҷҷуҳи хоссаи худро барои густариши ҳамкории судманд иброз намуда, гуфт, ки “Амонатбонк” яке аз шарикони боэътимоди “Актифбонк” мебошад.
“Мо омодаем ояндаи наздик ҳамкории ҳамаҷонибаро дар сатҳи нав ба роҳ монем”, - гуфт ӯ.
Тарафҳо зимни мулоқот омодагии худро барои баланд бардоштани ҳамкории муштараки молиявӣ иброз намуданд.