Фоҷеъа дар Киев: Бар асари суқути чархбол 18 нафар кушта шуд – видео

Мақомоти Укриана то ҳол сабаби суқути чархболро дар минтақаи Бровари вилояти Киев, ки бар асари он даҳҳо куштаву осеб дидааст, тавзеҳ надодааст
Sputnik
Сардори вазорати корҳои дохилии Украина Монастырский дар суқути чархбол
Бар асари суқути чархбол дар минтақаи Бровари вилояти Киев 18 нафар кушта шуданд.
Дар ҳодисаи нохуш вазири корҳои дохилаи Украина Денис Монастирский ва муовини аввали ӯ Евгений Енин ба ҳалокат расиданд.
Кушта шудани вазири корҳои дохилаи Украина ва муовини аввалаш дар суқути чархбол
Раҳбари пулиси миллии Украина Игор Клименко хабар дод, ки чархбол дар наздикии кӯдакистон ва бинои истиқоматӣ суқут кардааст.
“Дар маҷмӯъ, то ҳоли ҳозир ҷасади 18 нафар пайдо шудааст, ки аз он ду нафараш кӯдакон мебошанд. Дар дохили чархбол 9 нафар буданд. 26 нафаре, ки дар фоҷеъа осеб диданд ба бемористон интиқол дода шуданд, ки аз он 10 нафарашон кӯдакон ҳастанд”, хабар додааст оқои Клименко.
Арестович пас аз суханронӣ ба дифоъ аз Русия истеъфо дод
Сабаби суқути чархбол то ҳол маълум нест.
Денис Монастирский аз нимаи моҳи июли соли 2021 ба ҳайси вазири корҳои дохилии Украина кор мекард. Евгений Енин дар охири моҳи августи ҳамон сол муовини аввали ӯ таъйин шуда буд.