Боздиди гардишгарон аз Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои пеш аз пандемия наздик шуд

Ҷараёни вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон дар соли 2022 ба нишондодҳои солҳои пеш аз коронавирус наздик шуда, хуруҷи шаҳрвандони кишвар низ афзудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Шумораи сайёҳони аз Тоҷикистон боздидкарда дар соли 2022 нисбат ба соли қаблӣ 3,4 баробар афзоиш ёфтааст.
Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Тоҷикистон, ҳаҷми умумии гардишгарӣ дар 12 моҳ 1 миллиону 200 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Қаблан чунин нишондодҳо танҳо дар соли пеш аз COVID-2019 ба даст омада буданд, ки 1,3 миллион шаҳрванди хориҷӣ ба кишвар ташриф овардаанд.
Гуфта мешавад, ки ҳудуди 97 дарсади воридшудагон аз ду кишвар: Ӯзбекистон (778 ҳазор нафар) ва Русия (280 ҳазор нафар) омадаанд.
Роҳандозии низоми нав барои ҷамъоварии омори сайёҳон дар Тоҷикистон
Ҳамчунин аз Қазоқистон, Туркия, ИМА, Эрон, Чин, Қирғизистон, Ҳинд ва Афғонистон бо мақсади саёҳат омадаанд.
Дар ҳамин ҳол, шумори шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар соли 2022 тарки кишвар кардаанд, низ афзоиш ёфта, ба 2,6 миллион нафар мерасад, ки нисбат ба соли 2021 2,1 баробар зиёд аст.
Коршиносон сайёҳиро яке аз 3 соҳае (якҷоя бо гидроэнергетика ва истихроҷи маъдан) медонанд, ки дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ба он умедҳои калон гузошта шудаанд.