Яхшӯшаи бомҳои хонаҳо дар Душанбе бартараф карда шуд-видео

Наҷотдиҳандагон ба сокинони Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки ҳангоми убур зери биноҳо аз эҳтиёт кор бигиранд, зеро уфти шушаяхҳо аз эҳтимол дур нест
Sputnik
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо ёрии техникаву воситаҳои махсус тавонистаанд хатарҳои бароянда аз яхбандии бомҳоро бартараф кунанд.
Ин ниҳод аз ҳамаи сокинони кишвар хоҳиш мекунад ҳангоми гузар аз назди биноҳи бисёрошёна эҳтиёт кунанд.
Барфи обшуда баъдтар бар асари сардӣ ях мебандад ва ба сурати шӯшаҳои пурхатар дар лабгӯшаи боми хонаҳо, симчӯби интиқоли барқ, пояҳои реклом, шохҳои дарахтон овезон мешавад.
Пешгӯии то 36 дараҷа сардӣ дар Тоҷикистон
"Ҳангоми гузар аз чунин мавзеъҳо бояд бадиққат бошед ва чун садои шубҳаовареро мешунавед, набояд дар ҷойятон қарор гиред ва хеле ба зудӣ аз он гузаред. Зеро маъмулан шӯшаҳо баъди расидани каме гармӣ ва ё вазнинӣ ба поён сарозер мешаванд",- афзудааст ин ниҳод.
Тибқи гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, сардӣ дар Тоҷикистон идома дошта, ҳарорат дар бархе аз навоҳии ВМКБ то 36 дараҷа, Суғд то 18 дараҷа, Хатлон то 15 дараҷа ва Душанбе то 12 дараҷа хунук мешавад