Дастури раиси Суғд барои густариши фаъолияти корхонаи равғанбарорӣ

Ҳоло талаботи бозори истеъмолии Тоҷикистон аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22% таъмин гардида истодааст, ки хеле кам арзёбӣ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Раиси вилояти Суғд, Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ноҳияи Зафаробод хостори афзоиши истеҳсоли равған шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Суғд, Аҳмадзода дар Зафаробод бо фаъолияти корхонаи "ДСМ-19" шинос шудаст, ки ба коркарди пахта ва истеҳсоли равған машғул аст.
Вай зимни шиносоӣ барои истифодаи пурраи иқтидорҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи пахта ва зиёд намудани истеҳсоли равған тавсияҳо додаст.
Ин дар ҳолест, ки ҳоло талаботи бозори истеъмолии Тоҷикистон аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22% таъмин гардида истодааст, ки хеле кам арзёбӣ мегардад
Ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон вазорату идораҳор муваззаф кард, ки дар ҳамкорӣ бо соҳибкорону сармоягузорон дар соли 2023 корхонаҳои равғанбарории шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Конибодомро фаъол созанд.
Корхонае, ки Раҳмон фаъолияташро аз он шуруъ кардааст, валангор аст
Президент гуфт, дар сурати ба фаъолият оғоз кардани корхонаҳои зикргардида талаботи аҳолии мамлакат бо равғани истеҳсоли худӣ беш аз 70% таъмин мегардад.
Ӯ аз ҷумла барои барқарорсозии корхонаи равғанкашие дар Бохтор, Қӯрғонтеппаи собиқ даъват намуд, ки фаъолияташро аз он оғоз кардааст. Раҳмон зикр намуд, ки фаъолияти меҳнатияшро аз корхонаи равғанкашӣ дар Бохтар шуруъ намудааст, ки ҳоло валангор аст.
Ба гуфтаи президент, барқарорсозии ин корхона он қадар маблағи зиёд талаб намекунад ва дар хитоб ба мақомдорони Хатлон афзуд, ки ақалан ба он далел, ки роҳбари давлат фаъолиятро аз он ҷо оғоз кардааст, ин корхонаро барқарор кунанд.