ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. То 1,5 миллион нафар афзудани шумори нерӯҳои Русия ба иқдомоти Ғарб алайҳи ин кишвар марбут аст.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ, кишварҳои ғарбӣ "ҷанги ниёбатиро оғоз кардаанд, ки унсурҳои ширкати ғайримустақим дар амалиёти ҷангиро дар бар мегирад".
“Ин тадбирҳо ба он марбут аст, ки амнияти кишвари мо бояд бидуни қайду шарт кафолат дода шавад ва дар ин маврид вазорати дифоъ нақши худро иҷро мекунад", - афзудааст ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран вазири дифоъи Русия Сергей Шойгу эълон кард, ки бо тасмими раисиҷумҳури Русия теъдоди нирӯҳои мусаллаҳ ба 1,5 миллион нафар мерасад.
Вай таъкид кард, ки дар шумори нирӯҳо аз соли 2023 то 2026 тағйирот ворид хоҳад шуд.
Шойгу ваъда дод, ки афзоиши шумори артиш бо таъмини силоҳ, бунёди зербино ва таъмини нирӯҳо ҳамоҳанг хоҳад шуд.
Илова бар ин, вазири дифоъи Русия дар бораи таъсиси минтақаҳои низомии Маскав ва Ленинград сухан гуфт.
Шойгу ҳамчунин қайд кард, ки дар қаламравҳои нави Русия гурӯҳҳои мустақили нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар мустақар хоҳанд шуд.