ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар бештари ноҳияҳо тормеғ мефарояд, иттилоъ дод Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла дар ВМКБ боришот намешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят шабона 15-20 дараҷа хунук, рӯзона аз 5-10 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 31-36 дараҷа хунук, рӯзона 19-24 дараҷа хунук мешавад.
Суғдро низ ҳавои камабри бебориш, вале бо тормеғ фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 3-8 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона то 1-6 дараҷа хунукӣ мерасад.
Фаромадани тормеғ бидуни боришот дар Хатлон низ пешгӯӣ шуда, ҳарорат дар водиҳо шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар доманакӯҳҳо шабона 7-12 дараҷа хунук, рӯзона 3+2 дараҷа гарм мешавад.
Шаҳру ноҳияҳои тобеи марказро низ ҳавои камабри бебориш фаро гирифта, ҳарорат дар водиҳо шабона 10-15 дараҷа хунук, рӯзона 3-2 дараҷа хунук, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14 дараҷа хунук, рӯзона 1-6 дараҷа хунук пешгӯӣ мегардад.
Дар Душанбе низ ҳавои камабр ва фаромадани тормеғ дар назар буда, ҳарорат шабона то 10-12 дараҷа хунук, рӯзона -1+6 дараҷа гармӣ мерасад.