ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Сардшавии ҳаво боиси кам ворид гардидани об ба обанборҳои неругоҳҳои барқии обии Тоҷикистон гашта, хароҷоти об ба далели афзоиши талабот ба неруи барқ 2-3 маротиба меафзояд.
Ин нуктаро Раёсати назорати давлатии энергетикӣ дар Хатлон бо нашри як муроҷиатнома ба мардум таъкид кардааст.
Масъулин аз шаҳрванон хостаанд, нерӯи барқро сарфакоронаю оқилона истифода баранд. Даъват шудааст, ки аз асбобҳои каммасрафи барқӣ истифода бурда, ба буҷаи оилаву корхона зарари иқтисодӣ нарасонанд.
Ба иттилои ин ниҳод, сербории истифодаи барқ дар фасли сармо боиси сар задани садамаҳо, расишҳои кутоҳ ва афзоиши вайроншавии техникаиҳои танзимотӣ мегардад.
Мақомоти бахши энержӣ бо такя ба маълумоти Агентии обуҳавосанҷии ҷумҳурӣ зикр намудаанд, ки сардии бесобиқаи ҳаво моҳи январи соли равон идома хоҳад дошт.
"Дар ин давра талаботи аҳолӣ ва корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба неруи барқ дучанд меафзояд, ки ин ба сарбории зеристгоҳҳову истгоҳҳои трансформаторӣ ва хатҳои интиқоли барқи ҳавоию кабелӣ дар системаи энергетикии мамлакат мегардад", - омадааст дар изҳорот.
Ин дар ҳолест, ки сардии камсобиқа дар Тоҷикистон боиси на танҳо мушкилоте дар таъмини нерӯи барқ, балки дар бахши нақлиёту обрасониро низ ба вуҷуд овардааст.
Масъулини обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯянд, сардӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ то ҳафтаи охири моҳи январ идома хоҳад дошт.