ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Эрон аз Русия даъват кард, то ниҳодҳои муштараке барои мубориза бо таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ таъсис диҳанд.
Ин нукта зимни мулоқоти Игор Левитин, ёвари раиси ҷумҳури Русия ва Алии Шамхонӣ, дабири кулли Шӯрои олии амнияти миллии Эрон зикр шудааст, хабар медиҳад, хабаргузории Форс
Ба иттилои манбаъ, Шамхонӣ дар музокирот бо Левитин гуфтааст, ки суръат бахшидан ба иҷрои тарҳҳои муштараки иқтисодӣ миёни ду кишвар ва таъсиси ниҳодҳои муштараки мубориза бо таҳримҳои Ғарб зарур аст.
Ба гуфтаи вай, , барои ин ҳадафҳо ҳамчунин "фаъол кардани зарфияти байналмилалии" он кишварҳое, ки бар зидди онҳо маҳдудиятҳои Ғарб ҷорӣ шудааст, зарур аст.
Вай афзуд, Эрон ва Русия равобити иқтисодиро ба самти шарикии стратегӣ тақвият медиҳанд.
"Бо иродаи ҷиддӣ ва талошҳои пайвастаи мақомоти ду кишвар, ҳамкориҳои иқтисодии Эрон ва Русия дар роҳи мушорикати стротежӣ хоҳад рафт", - гуфт, Шамхонӣ.
Дафтари матбуоти Кремл хабар дод, ки қаблан раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ва ҳамтои эронии ӯ Иброҳим Раисӣ масъалаҳои рӯзномаи Русияву Эронро бо таъкид бар густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ карданд.